fbpx

Кадом маълумотро мо коркард мекунем?

Вақте ки бемор дар барномаи Max Access Solution (MAS)(Макс Аксес Солюшн) (МАС) иштирок мекунад, мо маълумоти шахсии зеринро ҷамъ мекунем, нигоҳ медорем ва коркард (дар маҷмӯъ «коркард») мекунем:

  • номи шумо;
  • ҷинс;
  • санаи таваллуд;
  • рақам(ҳо) барои тамос;
  • суроғаи почтаи электронӣ;
  • суроғаи мукотибаи шумо;
  • беморхона ва табибе, ки шумо аз онҳо табобат гирифта истодаед;
  • даромад ё вазъи молиявии шумо (агар лозим бошад); ва
  • маълумоти тамос бо парастори шумо (агар лозим бошад).

(дар маҷмӯъ, «Маълумоти Шахсӣ»-и шумо)

Барои он ки мо дастгирӣ ва нигоҳубини мувофиқро таъмин кунем, мо инчунин Маълумоти Махфии Шахсии зеринро низ коркард хоҳем кард:

  • ташхиси шумо;
  • санаи ташхиси шумо;
  • табобате, ки шумо гирифта истодаед;
  • сана ва натиҷаҳои санҷишҳои PCR-и шумо (агар лозим бошад).

  (дар маҷмӯъ, “Маълумоти шахсии ҳассос” -и шумо)

Чӣ тавр ва чаро мо Маълумоти Шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии шуморо коркард мекунем?

Мо Маълумоти шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии шуморо бевосита аз шумо, парастор ва/ё табиби шумо ҳангоми муроҷиат ба сифати бемор дар яке аз барномаҳои MAS ҷамъоварӣ мекунем. Мо Маълумоти Шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии шуморо бо мақсадҳои зерин коркард мекунем:

  • муайян кардани шахсияти шумо;
  • муошират кардан бо шумо;
  • таъмин намудани кӯмак ва ғамхории беморро ба шумо;
  • мубодилаи маълумот бо шумо дар бораи беморӣ ё табобататон;
  • ба мо имкон медиҳад, ки ӯҳдадориҳои худро дар ҳама гуна қонун ё қоидаҳо риоя кунем;
  • ҳама гуна мақсадҳои дигаре, ки ба маъмурият ва идоракунии Барномаҳо дахл доранд.

(дар маҷмӯъ, «Ҳадафҳо»). 

Мо метавонем маълумоти шуморо дар шакли ҷамъшуда ва муайяннашаванда барои нашрияҳо истифода барем. Ин маънои онро дорад, ки ҳама гуна маълумоте, ки шахсияти шуморо муайян карда метавонад (масалан, ном, санаи таваллуд, суроғаи шумо) нест карда мешавад то касе маълумоти шуморо бо шумо алоқаманд карда натавонад.

Мо Маълумоти Шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии шуморо ба кӣ ифшо мекунем?

Мо метавонем Маълумоти Шахсии шумо ва/ё Маълумоти Махфии Шахсии шуморо ба шахсони зерин ифшо кунем:

  • субъектҳои дохили The Max Foundation (Макс Фаундашн); ва
  • мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ агентӣ ё муассисаи давлатӣ, агар мо тибқи қонун ӯҳдадор шуда бошем.

Маълумоти Шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии шумо инчунин дар махзани ҳифзшудаи мо, ки дар Иёлоти Муттаҳида ҷойгир аст, нигоҳ дошта мешаванд.

Мо Маълумоти Шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии шуморо ба ягон шахси сеюм бе розигии шумо ифшо намекунем. Мо инчунин Маълумоти Шахсӣ ва/ё Маълумоти Махфии Шахсии шуморо ҳифз хоҳем кард ва кафолат медиҳем, ки онҳо бехатар нигоҳ дошта мешаванд.

Оқибатҳои ризоият надодан ба коркарди Маълумоти Шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии шумо чист?

Агар шумо ба коркарди Маълумоти Шахсӣ ва Маълумоти Махфии Шахсии худ дар доираи ин Огоҳиномаи Маълумоти Шахсӣ розӣ набошед, шумо наметавонед дар барномаҳои The Max Foundation (Макс Фаундашн) иштирок кунед.

Ҳуқуқҳои ҳифзи маълумоти шумо:

Тибқи қонуни ҳифзи маълумот шумо чунин ҳуқуқҳоро доред, аз ҷумла:

  • Ҳуқуқи шумо ба огоҳ будан – Шумо ҳуқуқ доред дар бораи он, ки кадом маълумоти шумо ҷамъоварӣ карда мешавад, чӣ гуна истифода мешавад, то чӣ андоза он нигоҳ дошта мешавад ва оё он бо шахсони сеюм мубодила мешавад ё на огоҳӣ дошта бошед.
  • Ҳуқуқи дастрасии шумо ба маълумот – Шумо ҳақ доред, ки нусхаи маълумоти шахсии худро талаб кунед.
  • Ҳуқуқи шумо ба ислоҳ – Шумо ҳуқуқи аз мо хоҳиш кардани маълумотеро, ки ба назари шумо нодуруст ё нопурра аст ислоҳ карданро (дуруст кардан) доред.  
  • Ҳуқуқи шумо ба пок кардан – Шумо ҳақ доред, ки дар ҳолатҳои муайян аз мо хоҳиш кунед то маълумоти шахсии шуморо пок кунем.
  • Ҳуқуқи шумо ба маҳдуд кардани коркарди маълумот – Шумо ҳуқуқ доред, ки аз мо хоҳиш кунед то коркарди маълумоти шуморо дар ҳолатҳои муайян маҳдуд созем.
  • Ҳуқуқи шумо ба эътироз ба коркарди маълумот – Шумо ҳуқуқ доред, ки дар ҳолатҳои муайян ба коркарди маълумоти шахсии худ эътироз кунед.
  • Ҳуқуқи шумо ба интиқоли маълумотШумо ҳуқуқ доред, ки аз мо талаб кунед то маълумотеро, ки шумо ба мо додаед, дар ҳолатҳои муайян ба ташкилоти дигар ё ба шумо интиқол диҳем.
  • Ҳуқуқи шумо барои гирифтани огоҳӣ дар бораи вайронкунӣ – Шумо ҳуқуқ доред, ки дар мавриди вайрон кардани дилхоҳ Маълумоти таъминнашудаи Ҳифзи Саломатии шумо огоҳ шавед.

Аз шумо талаб карда намешавад, ки барои амалисозии ҳуқуқҳои худ ягон маблағ пардохт кунед. Агар шумо дархост кунед, мо имконияти дар муддати як моҳ ба шумо ҷавоб доданро дорем.

Агар шумо хоҳиши дархост карданро дошта бошед, лутфан ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

The Max Foundation
1448 NW Market St.
Suite 500
Seattle, WA, 98107
+1 (206) 778-8660
info@themaxfoundation.org